Parviz Sharipov - Дидори ту бароям дидори зиндагист текст песни

Текст песни Дидори ту бароям дидори зиндагист - Parviz Sharipov




Дидори ту барои ман дидори зиндагист,
Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист.
Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Ёдат чу ёди бахт мададгори зиндагист.
Ду чашми ту бас аст, ки як умр бедареғ
Донам, ки ишқ нашъаи саршори зиндагист.
Аммо дареғи дигаре дурии мову туст,
Дурии мову туст ё асрори зиндагист.
Мо як ниҳоли дутана-ҳамреша, дар ду боғ
Ин кори мову туст ва ё кори зиндагист?
Аз рахнае ба ҳамдигар наззора мекунем,
Зеро ки дар миёни мо девори зиндагист.




Внимание! Не стесняйтесь оставлять отзывы.
//}