Parviz Sharipov - Бояд Рафт текст песни

Текст песни Бояд Рафт - Parviz Sharipov

Бояд рафт
Аз зиндагии касоне, ки барои буданат эҳтиёҷ надоранд.
Бояд рафт...
Аз дунёи нафароне,
ки аз хуб будани ту истифода намуда,
ҳар чӣ дилашон хост дар ҳаққат раво мебинанд.
Бояд рафт...
Аз дидаи касоне, ки нигоҳашон лабрези нафрат аст.
Бояд рафт...
Аз шаҳре, ки бӯйи муҳаббат ҳеҷ ба машом намерасад.
Бояд рафт...
Аз дунёи касоне, ки корашон ҳамеша дилозорист.
Бояд рафт...
Он гуна, ки ҳатто рӯҳат хабар надошта бошад, ки ба куҷо меравӣ,
то атрофиёни дилозорат ҳеҷ вақ хабар наёбанд,
ки куҷо ҳастӣ ва дубора натавонанд дилатро шикананд...

Parviz Sharipov - Бояд рафт
Альбом Бояд рафт
дата релиза
21-04-2022

Внимание! Не стесняйтесь оставлять отзывы.
//}